ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Узбекистон эълом кард дар натиҷаи тавофуқоте, ки бо намояндагони гурӯҳи Толибон барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иқдомоти хушунатомез, озор ва азият алайҳи ин афрод 150 шаҳрванди Афғонистон ба хости худ ба ватани худ бозгардонда шуданд .
Вазорати хориҷаи Узбекистон бинобар иттилооти дарёфтӣ аз паноҳҷуёне, ки ба Афғонистон бозгаштанд, навиштааст ки пас аз анҷоми иқдомоти ташрифотии расмии лозимӣ алайҳи онҳо, ба онҳо иҷоза дода шуд ба хона бираванд ва акнун дар амнияти комил дар канори хонаводаҳои худ қарор доранд .
Илова бар ин дар чанд рӯзи гузашта 1982 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ аз тариқи хоки Узбекистон аз Афғонистон хориҷ шудаанд .
342/